• Ассалому алайкум!

    Савдо бо криптовалютаҳо хуб аст, агар бо ақлона ва бо стратегия хуб шуруъ кунед. Аммо саволҳои дигар ба вуҷуд меояд, ҳар яки мо мусалмон ҳастем ва бояд ба шариати дин риоя кунем, аз ин ҷо савол ба миён меояд савдо дар криптовалютаҳо оё аз тарафи дини Ислом ҷоиз аст ?

    Бисёри уламоҳои дин фикри худро оиди криптовалютаҳо гуфтаги ҳастанд! То солҳои 2018-2019 аксари уламоҳои дин оиди криптовалютаҳо ҷавоби аниқро нагуфта буданд, сабабаш ҳоло ягон уламоҳои дин ин чизро аниқ наомухта буданд ва аз соли 2019 қариб 80 фоиз уламоҳо криптовалютаҳоро ва блокчейнро иҷозат доданд, аммо на ҳамаи онҳоро, дар дохили блокчейн, ҳаст бисёр монетҳоеки ноҷоиз ҳисобида мешаванд, аз ҳамин сабаб ба хулоса омаданд ки пеш аз харидан анализи дини карда шавад ба монанди аксияҳо, ҳаст уламоҳоеки алакай чунин анализҳоро гузаронида пешниҳоди мардум кардаанд, ва чунин анализҳоро читавр гузарониданро омухта истодаанд, дар оянда мо низ ин мавзуъҳоро пешкаши шумо мегардонем !

    Як чизро боз ба назар гирем ки савдоро фақат дар системаи спот бояд кунем, фақат дар спот иҷозат ҳаст!

    Як чанд намуди криптовалютаҳоеки аз тарафи уламоҳо пеш каш шуда аст, дар инҷо мо низ пешкаши шумо мегардонем, марҳамат!

    BTC (Bitcoin) Ҷоиз дониста шудааст
    ETH (Ethereum) Ҷоиз дониста шудааст
    ADA (Cardano) Ҷоиз дониста шудааст
    GPT (The Graph) Ҷоиз дониста шудааст
    XRP (Ripple) Ҷоиз дониста шудааст
    ATOM (Cosmos) Ҷоиз дониста шудааст
    MATIC (Polygon) Ҷоиз дониста шудааст
    LINK (Chainlink) Ҷоиз дониста шудааст
    VET (Vechain) Ҷоиз дониста шудааст
    TWT (Trust Wallet) Ҷоиз дониста шудааст

    Оянда дар инҷо боз илова карда мешавад !


Translate »